Занони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2024»

Posted
By admin
занҳои ихтироъкор

Занони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкори «KIWIE -2024», ки аз 20 то 22 июн тариқи онлайнӣ доир гардид, се медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 26 июл дастовардҳои бонувон ихтироъкорони мамлакат, ки аз 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкори «KIWIE -2024» дар Кореяи Ҷанубӣ ба даст овардаанд, аз ҷониби директори муассиса Мирзо Исмоилзода тақдим гардид.

Бо медали тилло ва ҷоизаи махсуси Ассотсиатсияи ихтироъкорони Тайланд Назирабегим Бораҷабова бо ихтирои – «Маводи дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ ва ҷароҳатдармонӣ», Шафоат Олимова бо ихтирои – «1-хлор-3-метокситриптофало пропан-2-олов 3α, 7β-дигидрокси кислотаи холонати дорои таъсири зиддимикробӣ» ва Аниса Азизмамадова бо ихтирои – «Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ дар занон» сарфароз гардиданд.

Бо медали нуқра Муҳаббат Урунова барои ихтирои – «Мавод барои табобати бенаслӣ дар занҳои дорои бачадони гипоплазияи (майда) дараҷаи I-II» ва Марҷона Шоназарова бо ихтирои – «Тарзи пешгирӣ ва табобати энтеропатияҳо, ки дар заминаи полихимиотерапия ситостатикии пуршиддат инкишоф меёбанд» сарфароз шуданд.

Инчунин бо медали биринҷӣ Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирои –«Маҷмӯи доруворӯи растанигии «Чордору» сарфароз шуд.

Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат имрӯз дастовардҳои ихтироъкорони мо дар арсаи байналмилалӣ эътирофу қадрдонӣ мешаванд ва бо ҷоизаҳои олӣ сарфароз мегарданд.

Tags

About Author

Aenean eu bibendum urna, a vestibulum justo. Sed id arcu laoreet, tempus est at, ornare nisi. Sed eget gravida lectus. Phasellus pharetra risus et risus mattis placerat. Curabitur nec nisl consectetur, ornare tellus et, mollis magna. Maecenas non dui luctus, laoreet urna id, tempor eros. Fusce ut ornare urna, vitae tempus velit.