Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

Posted
By admin
Рӯзи ҷавонон

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсад аз он татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди  фарҳангӣ ва эҷодию маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.

Тибқи қарор, дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонон ва афсарону сарбозон дар назар буда, ҳамоиши гирандагони стипендияи раисони ноҳияҳо, Раиси шаҳри Душанбе ва Стипендияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор карда мешавад.

Инчунин бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муассисаҳои фарҳангӣ баргузории шоу-барномаҳои консертӣ, аз қабили  «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи  соли  1997  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

About Author

Aenean eu bibendum urna, a vestibulum justo. Sed id arcu laoreet, tempus est at, ornare nisi. Sed eget gravida lectus. Phasellus pharetra risus et risus mattis placerat. Curabitur nec nisl consectetur, ornare tellus et, mollis magna. Maecenas non dui luctus, laoreet urna id, tempor eros. Fusce ut ornare urna, vitae tempus velit.