Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш рӯзи панҷшанбе даъват намуд, ки барои мубориза бо гармои шадид ҳарчӣ зудтар даст ба кор шавем, зеро «гармои шадид дигар зуҳуроти якрӯза, як ҳафтаина ва ё моҳона нест», менависад «Синхуа».
«Дар рӯйи Замин ҳарчӣ бештар ҳарорат баланд мешавад, ки ин барои ҳама ва дар ҳама ҷо хатар дорад»,-изҳор дошт А.Гутерриш, зимни суханронӣ дар назди воситаҳои ахбори омма.
«Миллиардҳо нафар бо «эпидемия»-и гармои шадид рӯ ба рӯ ҳастанд — онҳо аз мавҷҳои ҳарчӣ бештари гармои марговар мефавтанд, зеро ҳарорати ҷаҳон аз 50 дараҷа боло рафта истодааст, баён дошт роҳбари СММ. «Ин…дар нимароҳ ба сӯйи ҷӯшиш аст», — афзуд ӯ.
Дар бораи таъсири ҳарорати шадид сухан намуда, Гутерриш иброз дошт, ки мавҷи гармои марговаре, ки дар Сахел ба амал омад, боиси якбора афзоиши шумораи беморҳо дар бемористонҳо ва фавтҳо гардид, дар саросари Иёлоти Муттаҳида дараҷаи баланди гармӣ рекордшикан шуд, дар натиҷаи ингуна вазъи ҳаво 1300 зоирони Ҳаҷ ҷон доданд, маконҳои сайёҳӣ дар шаҳрҳои бузурги Аврупо баста шуданд ва баста шудани мактабҳо дар саросари Осиё ва Африқо бештар аз 80 миллион кӯдакро фаро гирифт.
«Гармои шадид ҳарчӣ бештар ба иқтисодиёт зарар мерасонад, нобаробариро бештар месозад, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеа эҷод карда, одамонро нобуд месозад», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи роҳбари Созмони Милали Муттаҳид, аз гармо тибқи баҳодиҳиҳо, қариб дар як сол ним миллион нафар одам мефавтанд, ки ин 30 маротиба бештар нисбат ба сиклонҳои тропикӣ аст.
«Гармои шадид — ин аномалияи нав аст, — баён дошт А.Гутерриш ва ба тағйирёбии иқлими антропогенӣ, ки марбут ба истифодаи сӯзишвории истихроҷшуда аст, ишора намуд».
«Аммо хабари хуш дар он зоҳир мегардад, ки роҳи ҳал вуҷуд дорад»,-иброз дошт ӯ.
