Зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд

Posted
By admin
сайёҳ

Имсол зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавриди тазаккур аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори ҷумҳурӣ ба мамлакат ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

Ба қавли таърихшиносон, дар замони то истиқлол иншооти зиёди бостонӣ ба нобудӣ расиданд ва ба онҳо то андозае камаҳамиятӣ зоҳир мегардид.

Мояи хушҳолист, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 бармеоянд, дар мамлакат Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси ин ниҳод густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, инчунин рушди сайёҳӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд, ки 11 апрели соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иброз намуданд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд».

Бояд гуфт, ки солҳои охир Ҳукумати мамлакат, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррасро амалӣ намуд. Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2024 Тоҷикистон 11 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намуд, ки ин ёдгориҳо «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор), «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

About Author

Aenean eu bibendum urna, a vestibulum justo. Sed id arcu laoreet, tempus est at, ornare nisi. Sed eget gravida lectus. Phasellus pharetra risus et risus mattis placerat. Curabitur nec nisl consectetur, ornare tellus et, mollis magna. Maecenas non dui luctus, laoreet urna id, tempor eros. Fusce ut ornare urna, vitae tempus velit.